БМТ: Болоравии қурби доллар хусусияти мавсимӣ дорад


Ҳафтаи ахир дар бозори нақдӣ қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ 4 дирам боло рафта, айни замон ба ҳисоби миёна 4 сомониву 87 дирамро ташкил медиҳад.

Дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки ҳамасола дар фасли баҳор ва нимаи тирамоҳ тамоили болоравии қурби доллари амрикоӣ ба мушоҳида расида, он хусусияти мавсимӣ дорад.

«Маъмулан ин ба коҳиши интиқоли маблағҳои пулӣ вобаста буда, вале дар ҳамин ҳол, аз ҳисоби фаъол гардидани амалиёти иқтисодии хориҷӣ ва афзоиши воридоти маҳсулот, ки он ҳам хусусияти мавсимӣ дорад, талабот ба доллари ИМА зиёд мешавад», – гуфтанд дар БМТ.

Ба итилои манбаъ, дар муқоиса бо соли гузашта соли ҷорӣ қурби асъори хориҷӣ нисбатан устувор боқӣ монд. «Аввали соли 2011 қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ 4,49 сомониро ташкил дода, охири сол он ба 4,85 сомонӣ баробар шуд. Аз оғози соли равон бошад, қурби доллари амрикоӣ ҳамагӣ 2 дирам боло рафт», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти БМТ, феълан дар бозори нақдӣ қурби аз ҳама баландтарини доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ дар Хуҷанд (1$ – 4,88 cомонӣ) ва пасттарин дар Хоруғ (1 $ – 4,82 сомонӣ) ба мушоҳида мерасад. Дар бозори нақдии Душанбе қурби доллари ИМА ба санаи 13-уми ноябр 4,87 сомониро ташкил дод. Рӯзҳои ахир қурби миёнаи евро ва рубли русӣ тағйир наёфта, 1 евро ба 6,15 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,52 сомонӣ баробар аст.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, соли оянда қурби доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ дар сатҳи 5 сомонӣ барои 1 доллари ИМА пешбинӣ гардида, ин нишондиҳанда дар буҷети соли 2013 ба инобат гирифта шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное