БМТ: Болоравии қурби доллар хусусияти мавсимӣ дорад

Ҳафтаи ахир дар бозори нақдӣ қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ 4 дирам боло рафта, айни замон ба ҳисоби миёна 4 сомониву 87 дирамро ташкил медиҳад. Дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки ҳамасола дар фасли баҳор ва нимаи тирамоҳ тамоили болоравии қурби доллари амрикоӣ ба мушоҳида расида, […]

Заррина Эргашева


Ҳафтаи ахир дар бозори нақдӣ қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ 4 дирам боло рафта, айни замон ба ҳисоби миёна 4 сомониву 87 дирамро ташкил медиҳад.

Дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки ҳамасола дар фасли баҳор ва нимаи тирамоҳ тамоили болоравии қурби доллари амрикоӣ ба мушоҳида расида, он хусусияти мавсимӣ дорад.

«Маъмулан ин ба коҳиши интиқоли маблағҳои пулӣ вобаста буда, вале дар ҳамин ҳол, аз ҳисоби фаъол гардидани амалиёти иқтисодии хориҷӣ ва афзоиши воридоти маҳсулот, ки он ҳам хусусияти мавсимӣ дорад, талабот ба доллари ИМА зиёд мешавад», – гуфтанд дар БМТ.

Ба итилои манбаъ, дар муқоиса бо соли гузашта соли ҷорӣ қурби асъори хориҷӣ нисбатан устувор боқӣ монд. «Аввали соли 2011 қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ 4,49 сомониро ташкил дода, охири сол он ба 4,85 сомонӣ баробар шуд. Аз оғози соли равон бошад, қурби доллари амрикоӣ ҳамагӣ 2 дирам боло рафт», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти БМТ, феълан дар бозори нақдӣ қурби аз ҳама баландтарини доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ дар Хуҷанд (1$ – 4,88 cомонӣ) ва пасттарин дар Хоруғ (1 $ – 4,82 сомонӣ) ба мушоҳида мерасад. Дар бозори нақдии Душанбе қурби доллари ИМА ба санаи 13-уми ноябр 4,87 сомониро ташкил дод. Рӯзҳои ахир қурби миёнаи евро ва рубли русӣ тағйир наёфта, 1 евро ба 6,15 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,52 сомонӣ баробар аст.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, соли оянда қурби доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ дар сатҳи 5 сомонӣ барои 1 доллари ИМА пешбинӣ гардида, ин нишондиҳанда дар буҷети соли 2013 ба инобат гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.