Тӯли 8 сол СҶТ ба Тоҷикистон 19 млн. $ ҷудо кард

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Жужанна Якабро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни суҳбат аз самараи ҳамкории бисёрсолаи Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Хотиррасон гардид, ки ҳаҷми умумии кумаки ин созмон дар рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон танҳо дар 8 соли охир […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Жужанна Якабро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни суҳбат аз самараи ҳамкории бисёрсолаи Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Хотиррасон гардид, ки ҳаҷми умумии кумаки ин созмон дар рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон танҳо дар 8 соли охир ба зиёда аз 19 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.

Ба кумакҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла пешгирӣ, муоина ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, эмкунии фарогири аҳолӣ, таҳкими заминаи моддию техникии хадамоти ҳифзи модар ва кӯдак, амалиётҳои фаврии хадамоти тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра баҳои баланд дода шуд.

Ҳамзамон густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои ҷорӣ намудани қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил, вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) ва навсозии заминаи технологии соҳаи тандурустӣ дар маҷмӯъ зарур шумурда шуд.

Ҳарду ҷониб ба рушду тавсиаи ҳамкорӣ дар оянда, аз ҷумла дар самти татбиқи амалии Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола ва Стратегияи нави миллии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2010-2020 ҳавасмандии худро таъкид намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.