Иштироки ҳайати ҲНИТ дар конфронси байнулмилалӣ дар Исломобод

Дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Ваҳдати уммати исломӣ: Чолишҳо ва имкониятҳо ва накшаи роҳ» (рӯзҳои 11-12-уми ноябр) дар Исломобод як ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ширкат варзид. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, зимни суханронӣ дар конфронс М.Кабирӣ  таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоил ва мушкилоти ҳамкориҳои кишварҳои ҷаҳони […]

Аваз Юлдошев


Дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Ваҳдати уммати исломӣ: Чолишҳо ва имкониятҳо ва накшаи роҳ» (рӯзҳои 11-12-уми ноябр) дар Исломобод як ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ширкат варзид.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, зимни суханронӣ дар конфронс М.Кабирӣ  таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоил ва мушкилоти ҳамкориҳои кишварҳои ҷаҳони ислом дар бахшҳои иқтисоду коммуникатсия ва фарҳангу тиҷорат ҷалб намуд.

«Раиси ҲНИТ инчунин пешниҳод намуд, ки як иттиҳоди байналмиллалии ҳизбу ҳаракатҳои дорои платформаи исломӣ ташкил гардад, то ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ тавонанд аз таҷрибаи якдигар барои хидмати беҳтар ба миллатҳояшон истифода баранд», – гуфтанд дар қароргоҳи ҳизб.

Ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ М.Кабирӣ таъкид дошт, ки яке аз сабабҳои асосии фаъол шудани ифротгароҳои динӣ ва дунявӣ дар ҷаҳони ислом ва ба низоъ кашидани ҷомеъаҳо, ин ақибнишинии нерӯҳои муътадили динӣ ва дунявӣ мебошад, ки бо ҳам ҳамкорӣ надоранд ва майдонро ба ифротгароҳо додаанд.

«Вақти он расидааст, ки нерӯҳои муътадили исломӣ дар сатҳи байналмиллалӣ ибтикорро ба даст бигиранд ва нагузоранд, ки ислому мусалмононро танҳо гурӯҳҳои ифротии мазҳабӣ ё дунявӣ муаррифӣ намоянд», – иброз дошт раиси ҲНИТ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҳошияи иштирок дар кори конфронс ҳайати ҲНИТ бо роҳбарони ҳайатҳои Туркияву Малайзия ва Афғонистону Покистон, шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳони ислом ва донишҷӯёни тоҷики муқими Покистон низ вохӯриву гуфтушунидҳо анҷом дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.