Ифтитоҳи Маркази рушди барвақтии кӯдак дар ВМКБ

Чанде қабл дар доираи Барномаи бахши маорифи Бунёди Оғо Хон дар деҳаи Хирчодеви ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Маркази навбатии рушди барвақтии кӯдак ба фаъолият шурӯъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бунёди Оғо Хон дар ҶТ хабар доданд, маркази мазкур дастрасӣ ба таълими томактабиро таъмин намуда, айни замон 44 нафар кӯдакон ба тарбияву омӯзиш фаро гирифта […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл дар доираи Барномаи бахши маорифи Бунёди Оғо Хон дар деҳаи Хирчодеви ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Маркази навбатии рушди барвақтии кӯдак ба фаъолият шурӯъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бунёди Оғо Хон дар ҶТ хабар доданд, маркази мазкур дастрасӣ ба таълими томактабиро таъмин намуда, айни замон 44 нафар кӯдакон ба тарбияву омӯзиш фаро гирифта шуданд. «Ҳадаф аз амалисозии лоиҳаи мазкур таъмини имконоти дастрасии кӯдакон ба таълими томактабӣ дар манотиқи деҳот аст», – гуфт манбаъ.

Менеҷери Барномаи бахши маорифи Бунёди Оғо Хон Зулобӣ Мамадфозилов бар ин назар аст, ки дар шароити Тоҷикистон, ки камтар аз 10%-и кӯдакон ба таълим дар муассисаҳои томактабӣ дастрасӣ доранд, татбиқи чунин лоиҳа саривақтӣ ва зарур аст.

Ба қавли вай, амалисозии лоиҳаи «Рушди барвақтии кӯдак» соли 2009 оғоз гардида, то имрӯз бо маблағгузории Бунёди Оғо Хон ва дигар созмонҳои мададрасон 84 чунин марказ кушода шудаанд. «Ин марказҳо дастрасии беш аз 2,1 ҳазор нафар кӯдакон ба таълими томактабӣ дар ВМКБ ва ноҳияи Раштро таъмин намуда, ба туфайли фаъолияти ин лоиҳа, сатҳи фарогирии кӯдакон ба омӯзиши томактабӣ аз 9%-и соли 2009 то ба 33% дар соли равон расид», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки ба ҷуз таъмиру азнавсозии биноҳо,, Бунёди Оғо Хон марказҳоро ҳамчунин бо мебел, маводи омӯзишӣ, китобҳо ва дигар асбобу лавозимоти таълимӣ таъмин намуда, барои ҳайати омӯзгорон баҳри такмили ихтисос машғулиятҳои гуногун доир месозад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.