Таҷлили ҷашни 20-солагии Иҷлосияи XVI-ум дар Кӯлоб

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Зимни суханронӣ дар он раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов изҳор кард, ки иҷлосия замони даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ доир гардида, имрӯз мебояд боз борҳо сари натоиҷ ва бурду бохти кишвар пас аз он андеша намуд. «Дастовардӣ […]

Турко Дикаев


Дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Зимни суханронӣ дар он раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов изҳор кард, ки иҷлосия замони даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ доир гардида, имрӯз мебояд боз борҳо сари натоиҷ ва бурду бохти кишвар пас аз он андеша намуд.

«Дастовардӣ аслӣ расидан ба сулҳу субот дар кишвар буда, минбаъд ҳатман ба фатҳи қуллаҳои нав муваффақ хоҳем шуд», – гуфт ӯ.

Ба чор нафар вакилони иҷлосияи таърихӣ ва ҳамчунин ғолибони озмуни кӯча, маҳалла ва ҷамоати беҳтарин аз ҷониби раиси шаҳр мукофотпулиҳо тақдим гардиданд.

Ба ин муносибат дар Кохи фарҳанг бо иштироки овозхонони маъруф Сурайёи Қосим ва духтарони ӯ Шабнами Сурайёву Фарзонаи Хуршед ва Гулчеҳра Қосимова консерт баргузор шуд. Шомгоҳон дар боғи ба номи Исмоилии Сомонӣ маросими ақди никоҳи чор ҷуфти навхонадорон ва тӯйи хатнаи 20 нафар кӯдакон ташкил карда шуд.

Чорабиниҳои ҷашнӣ имрӯз бо мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти таъиноти гуногун ба итмом мерасанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.