Ду ширкати бузурги Лаҳистон нияти роҳандозии ҳамкорӣ бо корхонаи истеҳсоли алюминии Тоҷикистонро дошта, ин ашёи хомро ба Лаҳистон интиқол доданианд.
Роҳбари шуъбаи мусоидат ба тиҷорат ва сармоягузории сафорати Лаҳистон дар Ӯзбекистон Славомир Стшалковски зимни мулоқот бо журналистон аз ифшои номи ин ширкатҳо худдорӣ варзида, изҳор кард, ки намояндагони яке аз ин ширкатҳо бо мақомоти раҳбарии Корхонаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) аллакай мулоқот анҷом дода, вохӯрии намояндагони ширкати дигари лаҳистонӣ бо онҳо имрӯз барпо мешавад.
«Гап сари он аст, ки дар Лаҳистон муддати зиёдест, ки алюминий истеҳсол карда намешавад. Имрӯз танҳо як корхонаи коркарди алюминий фаъолияти начандон кофӣ дорад. Дар Лаҳистон талабот ба металл хеле зиёд буда, ширкатҳои кишвар ба қароре омаданд, ки алюминий аз Тоҷикистон низ харидорӣ гардад», – иброз дошт сафир.
Қобили зикр аст, ки соли равон дар Тоҷикистон 145 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,9% камтар аст. Нимаи аввали соли равон 140 ҳазор тонна алюминий ба хориҷи кишвар содирот шуд, ки дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта 8% ё худ 32 ҳазор тонна камтар аст.
Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО), ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягона аст, дар шаҳри Турсунзода воқеъ мебошад. Ҳамасола 98%-и ҳаҷми алюминии аввалияи истеҳсоли ин корхона ба Русия, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Туркия, Чин ва дигар давлатҳо содирот мегардад.





