Эҳтимоли боз ба корхонаи саноати мудофиавӣ табдил ёфтани «Заря Востока»

Корхонаи воҳиди давлатии «Заря Востока» метавонад боз ба корхонаи истеҳсоли маҳсулоти низомӣ барои кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) табдил дода шавад. Директори корхона Қаюмҷон Маҳмудов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки «Заря Востока» ягона корхонаи боқимонда дар назди СААД ҳамчун корхона барои саноати низомиву техникӣ ба рӯйхат шомил гардида, минбаъд […]

Заррина Эргашева


Корхонаи воҳиди давлатии «Заря Востока» метавонад боз ба корхонаи истеҳсоли маҳсулоти низомӣ барои кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) табдил дода шавад.

Директори корхона Қаюмҷон Маҳмудов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки «Заря Востока» ягона корхонаи боқимонда дар назди СААД ҳамчун корхона барои саноати низомиву техникӣ ба рӯйхат шомил гардида, минбаъд истифодаи он аз рӯи таъинот пешбинӣ гардидааст.

Ба қавли Маҳмудов, айни замон корхона ба истеҳсоли маводи ниёзи мардум машғул аст, вале ин ба дубора бозгаштан ба тавлиди маҳсулот барои эҳтиёҷоти низомӣ халал намерасонад, зеро дар замони шӯравӣ ҳам дар як қисмати корхона маҳсулоти таъиноти низомӣ ва дар қисмати дигараш маҳсулоти ниёзи ҳамарӯзаи мардум истеҳсол мегардид.

«Ин иқдом дар доираи СААД шояд ба он вобаста бошад, ки бо оғози фаъолият аз соли 1968 корхонаи «Заря Востока» дар бунёди комплексҳои саноатии энергетикаи атомии Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми босазо гузошт ва дар сурати маблағгузории кофӣ, имрӯз ҳам барои истеҳсоли маҳсулоти таъиноти низомӣ имкон дорад», – гуфт ӯ.

Директори корхона зикр кард, ки мутобиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия аз соли 2005, дар ҳамдастӣ бо Маркази федералии технологияҳои дугонаи «Союз»-и Русия корҳои безарар намудани партовҳои сӯзишвории дурушти мушакии дорои бериллий идома дошта, анҷоми корҳо соли 2015 дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.