Брюссел: Муаррифии китоб дар бораи Эмомалӣ Раҳмон

Чанде қабл дар дар пресс-клуби байналмилалии «Брюссел-Аврупо»-и шаҳри Брюссел бо ташаббуси Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо бахшида ба 20-солагии 16-умин иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон маросими муаррифии китоб таҳти унвони «Меъмори сулҳ» («The Architect of Peace») дар бораи нақши таърихии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар баргузор гардид. Тавре аз […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар дар пресс-клуби байналмилалии «Брюссел-Аврупо»-и шаҳри Брюссел бо ташаббуси Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо бахшида ба 20-солагии 16-умин иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон маросими муаррифии китоб таҳти унвони «Меъмори сулҳ» («The Architect of Peace») дар бораи нақши таърихии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар чорабинӣ намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои берунаи Белгия, роҳбарияти ҳайати дипломатии муқими Брюссел, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин кормандони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Китоби мазкур ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ дар Брюссел моҳи сентябри соли равон ба нашр расид.

Дар оғози маҳфил зимни сухани ифтитоҳӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев роҷеъ ба аҳамияти консептуалии китоб ҳам барои хонандаи тоҷик ва ҳам барои хонандаи хориҷӣ кӯтоҳ маълумот дод. Дар баробари ин, ӯ нақши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ, дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ, татбиқи ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ махсус таъкид намуд.

Сипас, Президенти ширкати иттилоотию машваратии Аврупо “Биг Медиа Груп” Тию Кейперс китоби номбурдаро муаррифӣ кард. Ӯ аз таассуроти хеш нисбати мӯҳтавои бойи китоб ва таҷрибаи хеле муҳими роҳбари давлати тоҷикон дар истиқрори сулҳу суботи пойдор ва барқарорсозии вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар нақл намуд.

 Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев оид ба шахсияти таърихии сарвари давлати тоҷикон, дастоварду саҳми Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумуи ҳамаҷонибаи Тоҷикистон андешаронӣ кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.