ХБА: Ба Тоҷикистон буҳронӣ қарзӣ таҳдид мекунад

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки дурнамои миёнамуҳлати хароҷоти воситаҳо ва ҷалби сармоягузориро тарҳрезӣ намояд. Аз рӯйи натоиҷи сафари намояндагони Хазина ба Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ раиси ҳайати ХБА дар Тоҷикистон Ҷонатан Данн изҳор кард, ки ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар «вазъи начандон хуб» қарор дошта, «эҳтимоли рӯйи кор омдани […]

Пайрав Чоршанбиев


Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки дурнамои миёнамуҳлати хароҷоти воситаҳо ва ҷалби сармоягузориро тарҳрезӣ намояд.

Аз рӯйи натоиҷи сафари намояндагони Хазина ба Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ раиси ҳайати ХБА дар Тоҷикистон Ҷонатан Данн изҳор кард, ки ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар «вазъи начандон хуб» қарор дошта, «эҳтимоли рӯйи кор омдани буҳрони қарзӣ мавҷуд аст».

«Зимни арзёбии вазъи буҳронӣ оид ба қарзи берунӣ, нишондиҳандаҳои зиёде ба инобат гирифта шуда, агар ба нишондиҳандае чун хароҷот ба пардохти қарз аз ҳисоби содирот назар андозем, дар Тоҷикистон он хеле баланд аст ва маҳз ҳамин ҳолат хатари гирифторӣ ба буҳрони қарзиро ба вуҷуд меоварад», – иброз дошт вай.

Намояндаи доимии ХБА дар ҷумҳурӣ Ари Айзен гуфт, ин маънои онро надорад, ки ояндаи наздик Тоҷикистон ба буҳрони қарзӣ гирифтор мешавад, вале ҷараёни афзоиши уҳдадориҳои қарзиро бо гузашти вақт, бахусус дар партави амалисозии як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон мебояд пайгирӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷ.Данн зикр кард, ки мавҷудияти омили ҳаҷми бузурги интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон дар нишондиҳандаи пардохти қарзҳо аз ҳисоби содирот ба назар гирифта намешавад, «яъне интиқоли маблағҳои пулиро низ метавон ҳамчун содироти захираҳои меҳнатӣ арзёбӣ кард» «Бо назардошти ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ, вазъи Тоҷикистон бештар боэътимодтар буда, вале дар таҳлили мо оид ба вазъи қарзи кишвар ин омил ба инобат гирифта намешавад», – гуфт намояндаи ХБА.

Намояндагони ХБА таъкид доштанд, ки дар сурати идомаи тамоили андешидани тадбирҳои сиёсати макроиқтисодӣ ва чорабиниҳо оид ба идоракунии қарз, ҷараёни пардохти қарзи берунӣ метавонад рӯ ба беҳбудӣ орад. Б андешаи коршиносони Хазина, айни замон дар Тоҷикистон хатари буҳрони қарзӣ вуҷуд дорад.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ба аввали моҳи октябри соли равон ҳаҷми қарзи берунии Тоҷикистон 2 млрд. 130,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 29,3%-ро ташкил медиҳад.

Моҳҳои январ-сентябри соли равон маблағи умумии ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба 969 млн. доллари ИМА баробар шуд. Соли 2011 маблағи умумии содироти  маҳсулоти Тоҷикистон ҳудуди 1,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.


Акс аз CA-news.org   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.