Тамоми гузоришҳо аз иҷлосияи XVI-умро ТВ «Ленинобод» таҳия намуд

– Баъзе овозаҳо атрофи бо истифода аз имконоти техникии студияи телевизионии шаҳри Тошканд аз ҷониби кормандони телевизиони Ӯзбекистон мустақиман пахш шудани ҷараёни Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд, – изҳор дошт ба ОИ «Азия-Плюс» журналисти маъруфи тоҷик, он замон сармуҳаррири телевизионии вилоятии ТВ «Ленинобод» Илҳоми Ҷамолиён. Ба қавли вай, тамоми маводи иҷлосия аз […]

Аваз Юлдошев


– Баъзе овозаҳо атрофи бо истифода аз имконоти техникии студияи телевизионии шаҳри Тошканд аз ҷониби кормандони телевизиони Ӯзбекистон мустақиман пахш шудани ҷараёни Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд, – изҳор дошт ба ОИ «Азия-Плюс» журналисти маъруфи тоҷик, он замон сармуҳаррири телевизионии вилоятии ТВ «Ленинобод» Илҳоми Ҷамолиён.

Ба қавли вай, тамоми маводи иҷлосия аз ҷониби кормандони шабакаи телевизиони ТВ «Ленинобод» таҳия гардида, сипас ин мавод ба ихтиёри телевизиони марказии Тоҷикистон гузошта мешуд.

«Изҳороти чанде аз сиёсатмадорон бобати мустақиман пахш шудани ҷараёни иҷлосия низ бепояанд, зеро рафти иҷлосия нахуст дар Қасри Арбоб сабт шуда, дар студияи телевизиони Хуҷанд таҳия ва сипас ба Душанбе фиристода мешуд», – гуфт рӯзноманигор.

Илҳоми Ҷамолиён таъкид дошт, ки вазъи сиёсии он замон дар Душанбе ва мушкилоти убури ағбаҳо имкон намедоданд, ки таҷҳизоти муосири техникӣ ва мутахассисон аз Душанбе ба Хуҷанд фиристода шаванд.

«Ба телевизиони вилоятӣ яке аз муовинони Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати мушовир фиристода шуда буд ва мо кӯшиш мекардем, ки ҷараёни пурраи иҷлосияро намоиш дода, оид ба тамоми рӯйдоди атрофи он гузоришҳо таҳия созем ва ба назарам, мо ба ин муваффақ ггардидем», – афзуд номбурда.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.