Вазорати фарҳанг барои адибон озмун эълон кард

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои адибони кишвар таҳти унвони «Китоби сол-2012» озмуни нахустини ҷумҳуриявӣ эълон кард. Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории Озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну мӯҳтавои онҳо мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот […]

Маҳпора Киромова


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои адибони кишвар таҳти унвони «Китоби сол-2012» озмуни нахустини ҷумҳуриявӣ эълон кард.

Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории Озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну мӯҳтавои онҳо мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро дар бар гирифта, ба завқи алоқамандони каломи бадеъ созгор афтанд ва дар дили хонанда оташи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, обу хоки кишварро барафрӯзанд. Асарҳо ҳамчунин бояд бо ороишоти хуб муқовабандӣ шуда бошанд.

Ба иттилои манбаъ, дар озмун ҳамаи муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки китобҳояшон тайи соли 2012 дар муассисаҳои нашриявии Тоҷикистон нашр шудаанд, ҳуқуқи иштирок кардан доранд. «Маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир шартҳои асосии озмун маҳсуб меёбанд», – гуфтанд дар Вазорати фарҳанг.

Зимнан зикр гардид, ки ғолибон аз рӯи номинатсияҳои ду китоби беҳтарини назм, ду китоби беҳтарини наср, ду китоби беҳтарини назму насри бачагона ва ду китоби беҳтарини тарҷумаи назму наср муайян карда мешаванд. Барои ғолибон мутаносибан аз рӯйи мақоми ишғолкарда дар ҳаҷми аз 500 то 1500 сомонӣ мукофотпулӣ ва диплому ифтихорномаҳо пешбинӣ шудаанд.

Муассисаҳои нашриявие, ки китобҳои ғолибонро ба табъ расонидаанд, бо ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мукофотонида мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.