Расидагии ҳукуматдорони кишвар ба шикоятҳои зиндониён

Пас аз ба вуқӯъ пайвастани як қатор ҳодисаҳои ногувор дар зиндонҳои кишвар, як гурӯҳи намояндагони Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ ва Вазорати адлияи Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки бо маҳкумшудагон суҳбат ороста, ба арзу шикоятҳои онҳо расидагӣ намоянд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ иттилоъ доданд, чанде қабл бо маҳкумшудагони муассисаи […]

Наргис Ҳамробоева


Пас аз ба вуқӯъ пайвастани як қатор ҳодисаҳои ногувор дар зиндонҳои кишвар, як гурӯҳи намояндагони Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ ва Вазорати адлияи Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки бо маҳкумшудагон суҳбат ороста, ба арзу шикоятҳои онҳо расидагӣ намоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ иттилоъ доданд, чанде қабл бо маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт вохӯрӣ доир гардида, имруз дар зиндони Ваҳдат низ чунин як мулоқот барпо карда мешавад.

«Вохӯриҳо дар тамоми муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар ҳайати гурӯҳ муовини вазири адлия, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Иззатулло Шарифов низ ҳузур дорад», – гуфтанд дар сарраёсат.

Ба иттилои манбаъ, оид ба шароити будубош маҳкумшудагон қариб ҳеҷ шикояте надоранд. «Аслан  маҳкумшудагоне, ки аъзои созмони мамнӯъшудаи «Хизб-ут-Таҳрир» мебошанд, аз мавриди афв қарор наирфтанашон шикоят доранд ва доир ба афви чанде қабл суратгирифта низ шикоятҳо мавҷуданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки намояндагони васоити ахбори умум низ метавонанд ба сафи гурӯҳ пайваста, аз муассисаҳои ислоҳии кишвар ва шароити будубоши маҳбусон боздид намоянд.

Қобили зикр аст, ки ҳодисаҳои ахиран дар муассисаҳои ислоҳии кишвар мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор гирифтани маҳбусон ва бар асари он ба ҳалокат расидани онҳо, нигаронии шадидеро дар ҷомеа ба бор овард.

Ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад.

«Бинобар ин, ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати огоҳии пурраи кормандон аз талаботи қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа чорабиниҳои омӯзиширо тақвият бахшида, доир ба ҳар як ҳолати қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони мақомот қарорҳои қатъӣ қабул намоянд», – иброз дошт сарвари давлат.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.