Густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону ИА

Чанде қабл дар шаҳри Брюссел дар Парламенти Аврупо вохӯрии роҳбари ҳайати расмии Тоҷикистон, Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо роҳбари ҳайати Парламенти Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Паоло Бартолоззи барпо гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Брюссел дар Парламенти Аврупо вохӯрии роҳбари ҳайати расмии Тоҷикистон, Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо роҳбари ҳайати Парламенти Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Паоло Бартолоззи барпо гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо матраҳ шуданд.

Муовини аввали Раиси Парламент А.Миралиев аз рафти таҳкими робитаву муколамаи байни парламентҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар сатҳҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ карда, ба ҳамсӯҳбати худ барои мусоидати доимӣ ва кӯмаки амалии Иттиҳоди Аврупо дар ҷодаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон, табодули таҷрибаи ғании парламентаризми аврупоӣ, инчунин такмили низоми судӣ ва таъмини ҳуқуқҳои инсон миннатдорӣ баён намуд. А.Миралиев ибрози умедворӣ кард, ки ҳамкории дуҷонибаи бисёрсамта минбаъд боз ҳам фаъолтар мегардад.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар гуфтушунид инчунин вакилони Парламенти Тоҷикистон Галия Рабиева, Рустам Латипов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев иштирок намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.