Баррасии мушкилоти дастрасии қишри осебпазири аҳолӣ ба адолати судӣ


Зимни конфронси миллӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои дастрасӣ ба адолати судӣ миёни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Тоҷикистон» мушкилоти ҳуқуқӣ дар ин самт баррасӣ шуданд.

Чорабинӣ дар доираи амалисозии лоиҳаи «Баробарӣ дар назди қонун: Дастрасӣ ба адолати судӣ» созмон дода шуд, ки аз ҷониби Фонди Авруосиёи Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финландия созмон дода шуд. Дар кори конфронс беш аз 100 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни кори конфронс натиҷаҳои таҳқиқоти «Мушкилоти гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Тоҷикистон», ки соли 2012 доир гардида буд, ба баррасӣ пешниҳод шуданд.

Сафир оид ба супоришоти махсуси шуъбаи умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Финландия Лаура Рейнил изҳор кард, ки дар таҳқиқот гуфта мешавад, аксари мушкилоти дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ ба огоҳ набудани онҳо аз ҳуқуқҳои худ ё мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ марбут аст. «Аз ин рӯ, мо аз ҳукумат даъват мекунем, ки ба роҳандозии кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ, бахусус ба қишри осебпазири аҳолӣ идома бахшида, як қатор тартиботи бақайдгириро осону соддатар намояд», – гуфт ӯ.

Директори ТҶ «Маркази ҳуқуқи кӯдакон» Тоҷиддин Ҷалолов ва директори «Дармонгоҳи ҳуқуқӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хайрулло Ғафуров аз сатҳи нокофии тахассусӣ ва маърифати ҳуқуқии мутахассисони ин соҳа изҳори нигаронӣ намуда, бештар ба кори амалӣ ҷалб намудани донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва омодасозии ҳуқуқшиносони самтҳои алоҳидаи таъиншударо пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни кори конфронс ҳамчунин атрофи масъалаи ғайриқаноатбахш будани сатҳи дастрасии занон ба адолати судӣ низ табодули назар сурат гирифта, иштирокдорони конфронс зикр карданд, ки сатҳи огаҳии ҳуқуқи занон, бахусус занони деҳот дар зинаи хеле паст қарор дошта, ба баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни онҳо мебояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

spot_imgspot_img

Популярное