Гумонбарии кормандони милисаи Суғд ба истифодаи шиканҷа

Дар Тоҷикистон парвандаи дуюм нисбати ду нафар кормандони милиса мутобиқи моддаи нави қонунгузории ҷиноӣ «Шиканҷа» мавриди баррасӣ қарор дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати назорати иҷрои қонун дар мақомоти корҳои дохилӣ ва маводи нашъаовари Прокуратураи генералии ҶТ Муҳаммадризо Халифазода хабар дод, яке аз гумонбароншудагон корманди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, корманди фаврии шуъбаи […]

Наргис Ҳамробоева


Дар Тоҷикистон парвандаи дуюм нисбати ду нафар кормандони милиса мутобиқи моддаи нави қонунгузории ҷиноӣ «Шиканҷа» мавриди баррасӣ қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати назорати иҷрои қонун дар мақомоти корҳои дохилӣ ва маводи нашъаовари Прокуратураи генералии ҶТ Муҳаммадризо Халифазода хабар дод, яке аз гумонбароншудагон корманди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, корманди фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноӣ Хусрав Ниёзқулов мебошад. «Тафтиши парвандаи мазкур ба итмом расида, ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол гардид», – гуфт вай.

Бино ба маълумоти тафтишот, моҳи июни соли равон Ниёзқулов ҳамроҳи як корманди дигари милиса ба гумони даст доштан дар паҳнкунии дискҳои дорои филмҳои фаҳш (порнографӣ) шаҳрванди 20-сола М.Ш.-ро боздошт намуда, муддати тамоми рӯз ӯро дар ҳуҷраи кории худ нигоҳ медоранд.

«Бар асари лату кӯб, аз ҷумла бо шишаи пластикии бо об пуршуда, ҷабрдида аз гӯшҳояш ҷароҳат бардошта, гурдааш ҳам осеб мебинад ва ҳамаи инро коршиносони ташхиси судиву тиббӣ ба қайд гирифтаанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел нисбат ба кормандони милисаи зикршуда мутобиқи моддаи 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, гумонбаршудагон таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист қарор доранд ва мурофиаи судиро интизоранд.

Судяи суди шаҳри Хуҷанд Ҷӯрахон Раҳматов, ки баррасии парвандаи мазкур ба дӯши ӯ вогузор шудааст, шарҳи масъаларо қотеъона рад намуд. «Ман дар ин бора чизе гуфта наметавонам», – изҳор дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли равон мутобиқи моддаи «Шиканҷа» нисбат ба нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев ҳукми нахустини 7 соли зиндон содир гардид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.