Боздиди генерали амрикоӣ аз Тоҷикистон

Рӯзи 14-уми ноябри соли ҷорӣ фармондеҳи амалиёти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Кен Тово ба Тоҷикистон ташриф овард. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми сафар ӯ бо  намояндагони расмии ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико в хӯрда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва манфиатҳои минтақавро баррасӣ намуд. Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби сафар […]

ASIA-Plus


Рӯзи 14-уми ноябри соли ҷорӣ фармондеҳи амалиёти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Кен Тово ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми сафар ӯ бо  намояндагони расмии ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико в хӯрда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва манфиатҳои минтақавро баррасӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби сафар ба Тоҷикистон генерал-майор Тово бо сафири ИМА дар Тоҷикистон  Сюзан Эллиотт мулоқот анҷом дода, масоили ҳамкориҳои  минбаъдаи ҳарбии ду кишвар, аз ҷумлаи муносибатҳои Фармондеҳии амалиёти махсус (SOCCENT) ва Қувваҳои фармоиши махсуси Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимнан зикр гардид, ки инчунин генерал-майор бо масъулини баландпояи ҳарбӣ вохӯрӣ баргузор намуд, ки ҳангоми он омодагии Фармондеҳии амалиёти махсусро дар таъмини сулҳу субот ва бехатарӣ дар Тоҷикистон таъкид намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.