Баррасии мушкилоти дастрасии қишри осебпазири аҳолӣ ба адолати судӣ

Зимни конфронси миллӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои дастрасӣ ба адолати судӣ миёни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Тоҷикистон» мушкилоти ҳуқуқӣ дар ин самт баррасӣ шуданд. Чорабинӣ дар доираи амалисозии лоиҳаи «Баробарӣ дар назди қонун: Дастрасӣ ба адолати судӣ» созмон дода шуд, ки аз ҷониби Фонди Авруосиёи Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финландия созмон дода […]

Маҳпора Киромова


Зимни конфронси миллӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои дастрасӣ ба адолати судӣ миёни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Тоҷикистон» мушкилоти ҳуқуқӣ дар ин самт баррасӣ шуданд.

Чорабинӣ дар доираи амалисозии лоиҳаи «Баробарӣ дар назди қонун: Дастрасӣ ба адолати судӣ» созмон дода шуд, ки аз ҷониби Фонди Авруосиёи Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финландия созмон дода шуд. Дар кори конфронс беш аз 100 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни кори конфронс натиҷаҳои таҳқиқоти «Мушкилоти гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Тоҷикистон», ки соли 2012 доир гардида буд, ба баррасӣ пешниҳод шуданд.

Сафир оид ба супоришоти махсуси шуъбаи умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Финландия Лаура Рейнил изҳор кард, ки дар таҳқиқот гуфта мешавад, аксари мушкилоти дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ ба огоҳ набудани онҳо аз ҳуқуқҳои худ ё мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ марбут аст. «Аз ин рӯ, мо аз ҳукумат даъват мекунем, ки ба роҳандозии кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ, бахусус ба қишри осебпазири аҳолӣ идома бахшида, як қатор тартиботи бақайдгириро осону соддатар намояд», – гуфт ӯ.

Директори ТҶ «Маркази ҳуқуқи кӯдакон» Тоҷиддин Ҷалолов ва директори «Дармонгоҳи ҳуқуқӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хайрулло Ғафуров аз сатҳи нокофии тахассусӣ ва маърифати ҳуқуқии мутахассисони ин соҳа изҳори нигаронӣ намуда, бештар ба кори амалӣ ҷалб намудани донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва омодасозии ҳуқуқшиносони самтҳои алоҳидаи таъиншударо пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни кори конфронс ҳамчунин атрофи масъалаи ғайриқаноатбахш будани сатҳи дастрасии занон ба адолати судӣ низ табодули назар сурат гирифта, иштирокдорони конфронс зикр карданд, ки сатҳи огаҳии ҳуқуқи занон, бахусус занони деҳот дар зинаи хеле паст қарор дошта, ба баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни онҳо мебояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.