Русия аз Тоҷикистон оид ба лоиҳаи созишнома дар бораи воридоти махсулоти нафтии ин кишвар ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ посухро интизор аст.
Муовини вазири энергетикаи Русия Анатолий Яновский ба унвони муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Заробиддин Файзуллоев мактубе ирсол намуда, дар он лоиҳаи созишнома иборат аз 13 моддаро ба баррасӣ пешниҳод ва муайян кардани мавқеи Тоҷикистон дар ин масъаларо дархост кардааст.
Дар лоиҳаи созишномаи ҷониби Русия ҳамоҳангсозии фаъолият ва назорати иҷрои созишномаи мазкур, ҳаҷми талаботи дохилии Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ дар соли минбаъдаи тақвимӣ ва дигар масоили дахлдор пешбинӣ шудаанд.
Дар робита ба масъалаи шартҳои Русия оид ба дубора ба кишварҳои сеюм интиқол надодани (реэкспорт) маҳсулоти нафтии аз Русия воридшуда дар шартнома зикр мегардад, ки интиқоли дубораи маҳсулоти нафтии аз Русия ва ё аз кишварҳои узви Иттиҳоди Гумрукӣ воридшуда, ки истеҳсолаш дар Русия сурат гирифтааст, манъ аст.
«Дар сурати ошкор гардидани далели ба кишвари сеюм интиқол додани маҳсулоти нафтии Русия аз Тоҷикистон, ҷонибҳо бояд гуфтушунидҳои мувофиқасозӣ анҷом дода, дар сурати ба созиш нарасидан, Русия дар муддати ду моҳ ба мутаваққиф сохтани интиқоли маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ ҳуқуқ дорад», – гуфта шудааст дар лоиҳаи созишнома.
Дар мавриди муҳлати ҳукми қонунӣ гирифтани созишнома, бино ба ин лоиҳа, аз замони ба имзо расидан то мавриди амал қарор гирифтани созишнома бояд 60 рӯз сипарӣ гардад.
Ҳамчунин дар лоиҳаи созишнома бобати ба як ё якчанд ширкат додани ҳуқуқи пурраи дар ихтиёр доштани ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ишора нашудааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи баъзе маълумот, маҳз масъалаи дубораи ба кишварҳои сеюм интиқол нашудани маҳсулоти нафтии Русия ба бенатиҷа анҷом ёфтани гуфтушуниди ҷонибҳо оид ба таҳияи созишнома дар ин хусус боис гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр миёни Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.





