Э.Раҳмон: Иҷлосияи XVI-ум миллатро аз парокандагӣ наҷот дод

Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди […]

ASIA-Plus


Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард. Бо ин ҳарфҳо имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суханронии хеш дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ сарвари давлат изҳолр кард, ки иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсии ҷомеа бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷот додани миллат аз вартаи бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки маҳз ҳамин иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда, давлати моро аз хатари аз байн рафтан ва миллатамонро аз пароканда шудан наҷот бахшид.

Дар идома президент иброз дошт, ки эҳёи давлатдории миллӣ аз масъалаҳои меҳварии таърихи муосири мо ба шумор мерафт, зеро бе мавҷудияти давлати миллии мустақил амалӣ гардидани орзуву ормони деринаи халқи тоҷик ва ҳадафу барномаҳои Ҳукумати кишвар ғайриимкон буд.

«Ҳамдигарфаҳмии аксарияти кулли вакилони иҷлосия, муттаҳид будани онҳо дар самти дарку эҳсоси якдилонаи масъалаҳои муҳиму тақдирсози мамлакат, ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо дар ҳалли масъалаҳои гузошташуда боиси минбаъд таъмин гардидани заминаи ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа гардиданд.», – гуфт сарвари давлат.

«Дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 гуфта будам, ки «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон ва зикр кард, ки ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва пойдор гардидани сохти конститутсионӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанонамон ҷони худро аз даст доданд.

Дар робита ба фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар срвари давлат зикр кард, ки ҳар ҳизб мавқеи хоси сиёсӣ, ақидавӣ ва барномаи худро дорад ва моҳияти низоми бисёрҳизбӣ низ дар ҳамин аст, «вале дар айни ҳол, ҳизбҳои сиёсӣ бояд манфиатҳои миллӣ, арзишҳои бунёдии давлатдорӣ ва суботу амнияти кишварро аз манфиатҳои маҳдуди ҳизбиву гурӯҳӣ боло гузоранд.

«Меъёри ягонае, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро танзим мекунад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имконияти дар фазои демократӣ фаъолият кардани онҳоро фароҳам овардааст. Аз ин ҷиҳат, ҳизбҳои сиёсӣ бояд мактаби баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум ва намунаи олии риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар бошанд», – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.