Содироти барқ ба маблағи ҳудуди 18 млн. $ дар зарфи 10 моҳ

Дар зарфи 10 моҳи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии ҳудуди 18 млн. $ нерӯи барқ содирот намуд. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, ҳаҷми зикршуда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 6 маротиба зиёдтар аст. Дар зарфи 10 моҳи соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи умумии тақрибан 3 млн. доллари […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 10 моҳи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии ҳудуди 18 млн. $ нерӯи барқ содирот намуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, ҳаҷми зикршуда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 6 маротиба зиёдтар аст. Дар зарфи 10 моҳи соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи умумии тақрибан 3 млн. доллари ИМА нерӯи барқ содирот карда буд.

Дар давраи сипаришуда нерӯи барқи Тоҷикистон асосан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ва баъзан ба миқдори начандон зиёд ба Қазоқистону Қирғизистон низ содирот гардидааст. Дар мавсими тобистон тавассути хатҳои барқи Қирғизистон аз Тоҷикистон ба Қазоқистон шабонарӯзӣ то 500 кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешуд.

То аввали моҳи октябри соли ҷорӣ тавассути хатти интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» ширкати «Барқи тоҷик» ба Афғонистон шабонарӯзӣ бо қимати 3,57 сент барои 1 кВт/соат то 3 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медод.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон ҷумҳурӣ ба норасоии нерӯи барқ дучор гардида, дар ин робита интиқоли ҳаҷми зиёди он ба Афғонистон қатъ карда шуд. Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», феълан тавассути хатти интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» шабонарӯзӣ ҳамагӣ 10-15 МВт шиддати ҷараёни нигоҳдории муҳофизатӣ мегузарад.

Тибқи маълумоти Агентии омори кишвар, моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон беш аз 1,1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки ба ҳисоби миёна 38 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз рост меояд. Дар маҷмӯъ тӯли моҳҳои январ-октябри соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 14,1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гардидааст (ба ҳисоби миёна 46 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз).

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ҳаҷми камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳудуди 3 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.