Аз ташрифи омӯзгорони рус ба макотиби Тоҷикистон дарак нашуд

Хатмкардагони макотиби олии Русия, ки бояд ба макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон баҳри омӯзиши забони русӣ ба толибилмони тоҷик сафарбар мешуданд, бо сабабҳои номаълум то ҳол ба Тоҷикистон наомадаанд. Тибқи қарордод миёни Вазоратҳои маорифи Тоҷикистону Русия, дар оғози соли нави хониш бояд ҳудуди 300 нафар омӯзгорони забони Русия ба макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон сафарбар мешуданд. Дар […]

Меҳрангез Турсунзода


Хатмкардагони макотиби олии Русия, ки бояд ба макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон баҳри омӯзиши забони русӣ ба толибилмони тоҷик сафарбар мешуданд, бо сабабҳои номаълум то ҳол ба Тоҷикистон наомадаанд.

Тибқи қарордод миёни Вазоратҳои маорифи Тоҷикистону Русия, дар оғози соли нави хониш бояд ҳудуди 300 нафар омӯзгорони забони Русия ба макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон сафарбар мешуданд.

Дар Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар ин робита мегӯянд, қарордод дар ин бора моҳи апрел бо вазири собиқи маорифи Русия Андрей Фурсенко ба имзо расида, моҳи май Дмитрий Ливанов вазири нави маорифи Русия таъин шуд ва шояд ӯ  ба ин қарордод расидагӣ накарда бошад.

«Вале ин танҳо як тахмин буда, сарфи назар аз ирсоли тамоми асноди дахлдор ба мақомоти марбутаи Русия, мо то ҳанӯз посухӣ расмӣ нагирифтаем», – гуфт як манбаъ дар Раёсати мазкур.

Ба иттилои ин манбаъ, дар Вазорати маориф бо назардошти норасоии мутахасисони ин фан, рӯйхати ба кадом минтақа ва то чанд нафар омӯзгори забони русӣ фиристодан аз ҳисоби муаллимони Русия таҳия гардидааст.

Қобили зикр аст, ки масъалаи ҷалби омӯзгорони забони русӣ аз Русия ба фаъолият дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон муддати се сол мавриди баррасӣ қарор дошт ва танҳо моҳи апрели соли равон ҷонибҳо ба мувофиқа расида, дар ин хусус қарордоди дахлдор ба имзо расид.

Ҷониби Русия ба омӯзгорон таъминот бо як қатор имтиёзотро ваъда дода, Тоҷикистон масъалаи таъмин бо музди меҳнат ва манзили зисти муваққатиро ба уҳда гирифт. Омӯзгорони Русия бояд ҳанӯз тобистон ба Тоҷикистон меомаданд ва мебояд гуфт, дар Тоҷикистон онҳоро интизорӣ доштанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.