Ташрифи роҳбарони ҶҲА кишварҳои форсизабон ба Душанбе

Абулҳасан Фоқеҳ, президенти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ва Фотима Гелонӣ, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон аз 16-ум то 20-уми ноябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳанд кард. Тавре Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва тамос бо ҷомеаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар дод, дар ҷараёни боздиди худ аз Тоҷикистон, раҳбарони Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари кишварҳои ҳамзабон […]

ASIA-Plus


Абулҳасан Фоқеҳ, президенти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ва Фотима Гелонӣ, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон аз 16-ум то 20-уми ноябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳанд кард.

Тавре Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва тамос бо ҷомеаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар дод, дар ҷараёни боздиди худ аз Тоҷикистон, раҳбарони Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари кишварҳои ҳамзабон бо мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандону ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва намояндагиҳои байнулмилалии Ҳаракати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вомехӯранд. Онҳо бо шиносоӣ бо фаъолиятҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, имкони тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаву сеҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин, дар ҷараёни боздиди худ меҳмонон шоҳиди тамриноти шӯъбаи мудирияти офатҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа шуда, урдугоҳи байнулмилалии муштараки Ҳилоли Аҳмари Эрону Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ва бинои нави дармонгоҳи муштараки Ҳилоли Аҳмари Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо боз хоҳанд кард ва аз фаъолияти ҶҲАТ ва бахши он дар ноҳияи Файзобод шинос хоҳанд гашт.

Зимнан зикр гардид, ки зимни ин боздид роҳҳои густариши ҳамкориҳо ва фаъолиятҳо миёни се Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва имкони роҳандозии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз нахустин созмонҳои ёрирасон ва башардӯстона дар кишвар буда, аз соли 1927 ба ин сӯ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ ва мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.