Ташрифи роҳбарони ҶҲА кишварҳои форсизабон ба Душанбе


Абулҳасан Фоқеҳ, президенти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ва Фотима Гелонӣ, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон аз 16-ум то 20-уми ноябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳанд кард.

Тавре Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва тамос бо ҷомеаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар дод, дар ҷараёни боздиди худ аз Тоҷикистон, раҳбарони Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари кишварҳои ҳамзабон бо мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандону ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва намояндагиҳои байнулмилалии Ҳаракати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вомехӯранд. Онҳо бо шиносоӣ бо фаъолиятҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, имкони тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаву сеҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин, дар ҷараёни боздиди худ меҳмонон шоҳиди тамриноти шӯъбаи мудирияти офатҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа шуда, урдугоҳи байнулмилалии муштараки Ҳилоли Аҳмари Эрону Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ва бинои нави дармонгоҳи муштараки Ҳилоли Аҳмари Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо боз хоҳанд кард ва аз фаъолияти ҶҲАТ ва бахши он дар ноҳияи Файзобод шинос хоҳанд гашт.

Зимнан зикр гардид, ки зимни ин боздид роҳҳои густариши ҳамкориҳо ва фаъолиятҳо миёни се Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва имкони роҳандозии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз нахустин созмонҳои ёрирасон ва башардӯстона дар кишвар буда, аз соли 1927 ба ин сӯ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ ва мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад. 

spot_imgspot_img

Популярное