Воридоти 1 млн. тонна гандум аз Қазоқистон дар соли оянда


Бо назардошти афзоиши талабот, соли оянда аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид намудани 1 млн. тонна гандум дар назар аст.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Ғалла» Тағоймурод Шарифов дар ин робита изҳор кард, ки тӯли моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 602 ҳазор тонна гандум ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (326,8 ҳазор тонна) қариб ду баробар зиёд аст. «Дар зарфи 10 моҳ ҳаҷми воридоти орд 289,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳазор тонна бештар мебошад», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, бо назардошти афзоиши ҳаҷми воридот, талабот ва истеъмол, соли ҷорӣ 1 млн. 462 ҳазор тонна маҳсулоти нониву ордӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 58 ҳазор тонна зиёдтар аст. «Дар муқоиса бо аввали сол нархҳои яклухт ба гандум ба андозаи 160 $ афзуда, имрӯз 340-345 доллари ИМА барои як тоннаро ташкил медиҳанд», – иброз дошт номбурда.

Дар робита ба нархи чаканаи навъи якуми орди воридотӣ, Шарифов изҳор намуд, ки нисбат ба нархҳои моҳи октябр (170-175 сомонӣ) он каме коҳиш ёфта, феълан як халтаи он (50 кило) бо қимати 150 сомонӣ фурӯхта мешавад.

«Нархҳо каме коҳиш ёфтанд, зеро дар бозор норасоӣ вуҷуд надорад, вале ҳамасола зимистон қимати орд ва нон боло меравад ва имсол ҳам истисно нахоҳад буд», – афзуд Т.Шарифов.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли равон дар дохили кишвар 794 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ карда шуд. Соли гузашта ҳаҷми ҷамъоварии ҳосили ин зироати ғалладона 435 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Арзиши орди истеҳсоли маҳаллӣ дар бозорҳои пойтахт дар муқоиса бо орди хориҷӣ вобаста ба навъ 15-20 сомонӣ арзонтар аст.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тонна дар як солро ташкил медиҳад, ки 70%-и он аз Қазоқистон ворид мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное