Ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси он Муҳиддин Кабирӣ, дар 7- умин Ассамблеяи генералии форуми ҳизбҳои сиёсии Осиё, ки рӯзҳои 22-23-юми ноябри соли равон дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, ин нишаст аз тарафи ҳизби ҳокими «Озарбойҷони нав» созмон дода шуда, дар кори он намояндагони бештар аз 100 ҳизбҳои сиёсии Осиё, Аврупо ва созмонҳои байналмиллалӣ ширкат хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар ифтитоҳи ассамблея ширкат ва суханронӣ хохад кард.
Зимнан зикр гардид, ки ҲНИТ аз соли 2004 узвияти ин форуми байналмиллалии аҳзобро дорад ва пайваста дар чорабиниҳои он ширкат намудааст. Раиси ҲНИТ дар яке аз ҷаласаҳои ин ассамблея суханронӣ хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи генералии форуми ҳизбҳои сиёсии Осиё соли 2000-ум таъсис ёфта, айни замон ба ҳайати он 240 ҳизб аз 50 кишвари дунё шомиланд.





