Боздиди дипломати кореягӣ аз парлумони Тоҷикистон


Муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Махфират Хидирова бо сафири нави Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Деван вохӯрӣ анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва парлумони Ҷумҳурии Корея баррасӣ шуд.

Муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон густариш ёфтани муносиботи байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Кореяро ба нафъи миллат ва давлати ҳарду кишвар унвон карда, ҳамзамон изҳор дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо бо бештари парлумонҳои кишварҳои мутарраққии ҷаҳон равобити ҳасанаро ба роҳ мондааст.

«Мо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо парлумонҳои ҷумҳуриҳое, ки хостори барқарор намудани робитаҳои парлумонӣ бо кишвари моро доранд, ҳастем ва дар доираи ин тасмим байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумонҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Корея гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шудааст», – гуфт Махфират Хидирова.

Сафири нави Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Деван аз раванди ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон хостори тақвияти ҳарчи бештари ин муносибот шуд.

Дипломати кореягӣ таъкид дошт, ки ба ҳайси сафири нави ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконоти барояш мувофиқ истифода менамояд, то равобити байнипарлумонии ҳарду кишвар боз ҳам бештар тақвият ёбад.

spot_imgspot_img

Популярное