Боздиди намояндаи САҲА аз Вазорати корҳои хориҷӣ


Чанде қабл дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо мудири департаменти Котиботи Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба таҳдидҳои трансмиллӣ Алексей Лиженков доир шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот Муовини аввали вазир нақши САҲА-ро дар таъмини амнияти сарҳад иброз намуда, ба идомаи дастгирии барномаҳо дар чаҳорчӯби сохторҳои идораи сарҳадот, васеъ намудани дастгирии техникӣ дар соҳаи ҳифзи сарҳад, мубориза алайҳи таҳдидҳои трансмиллӣ (терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир) ва инчунин ба мубодилаи маълумот ва таҷриба даъват намуд.

Дар ин маврид Алексей Лиженков барои ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистон бо САҲА миннатдорӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳим дар соҳаи таъмини амнияти сарҳад, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуд ва омодагии Созмонро ҷиҳати васеъ намудани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон изҳор кард.

spot_imgspot_img

Популярное