Хабари шиканҷаи маҳбусон дар муассисаи ислоҳии №4

Маҳбусони муассисаи ислоҳии № 4-и воқеъ дар маҳаллаи Советскийи шаҳри Душанбе тавассути телефон аз лату кӯби маҳкумшудагон хабар доданд. «Шаби гузашта маҳкумшудагон Фарҳод Шамсиев, ки пас аз се моҳ озод мешавад ва зиндонии маъюб Шуҳрат Қурбонов мавриди лату кӯб қарор гирифтанд», – иттилоъ доданд ба ОИ «Азия-Плюс» шоҳидони ҳодиса. Ба қавли онҳо, Шамсиев барои изҳори […]

Меҳрангез Турсунзода


Маҳбусони муассисаи ислоҳии № 4-и воқеъ дар маҳаллаи Советскийи шаҳри Душанбе тавассути телефон аз лату кӯби маҳкумшудагон хабар доданд.

«Шаби гузашта маҳкумшудагон Фарҳод Шамсиев, ки пас аз се моҳ озод мешавад ва зиндонии маъюб Шуҳрат Қурбонов мавриди лату кӯб қарор гирифтанд», – иттилоъ доданд ба ОИ «Азия-Плюс» шоҳидони ҳодиса.

Ба қавли онҳо, Шамсиев барои изҳори норозигӣ аз санҷишҳои зиёд сари ҳар 20 дақиқа то беҳуш шудан мавриди лату кӯб қарор гирифта, сипас ба қиси тиббӣ бурда мешавад ва маҳбусони хабардода дигар ӯро надидаанд.

«Маҳбус Шуҳрат Қурбонов барои он лату кӯб шуд, ки ба модараш расонидани мактубро дархост намуд, зеро модараш ба дидори ӯ омада буд, вале дидорро иҷозат надоданд», – гуфтанд онҳо.

Ҳамчунин зикр гардид, ки пас аз ҳодиса ба муассиса кормндони прокуратураи назоратӣ омадаанд ва маҳбусон аз эҳтимол дур намедонанд, ки ташрифи онҳо ба ин ҳодиса рабт дорад. Ғайр аз ин, рӯзи душанбеи ҳафтаи равон сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинояти Вазорати адлия Иззатулло Шарифов низ ҳамроҳ бо намояндагони прокуратура аз ин муассиса боздид кардааст.

Дар ҳамин ҳол, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Илҳом Маҳмудов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ташрифи кормандони прокуратураи назорати ба муассисаи мазкурро тасдиқ намуда, вале изҳор кард, ки ӯ аз мақсади ташрифи онҳо огоҳ нест. «Танҳо гуфта метавонам, ки дар муассисаи № 4-и пойтахт вазъ ором буда, ҳеҷ кадоме аз маҳбусон лату кӯб ё шиканҷа нашудааст ва ман дар ҳайратам, ки чаро дар матбуот ҳамарӯза ин қадар маълумоти носаҳеҳ пайдо мешавад», – гуфт номбурда. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.