Боздиди намояндаи САҲА аз Вазорати корҳои хориҷӣ

Чанде қабл дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо мудири департаменти Котиботи Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба таҳдидҳои трансмиллӣ Алексей Лиженков доир шуд. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот Муовини аввали вазир нақши САҲА-ро дар таъмини амнияти сарҳад иброз […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо мудири департаменти Котиботи Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба таҳдидҳои трансмиллӣ Алексей Лиженков доир шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот Муовини аввали вазир нақши САҲА-ро дар таъмини амнияти сарҳад иброз намуда, ба идомаи дастгирии барномаҳо дар чаҳорчӯби сохторҳои идораи сарҳадот, васеъ намудани дастгирии техникӣ дар соҳаи ҳифзи сарҳад, мубориза алайҳи таҳдидҳои трансмиллӣ (терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир) ва инчунин ба мубодилаи маълумот ва таҷриба даъват намуд.

Дар ин маврид Алексей Лиженков барои ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистон бо САҲА миннатдорӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳим дар соҳаи таъмини амнияти сарҳад, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуд ва омодагии Созмонро ҷиҳати васеъ намудани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон изҳор кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.