Мусодираи ҳудуди 8 кило героин дар вилояти Суғд


Чанде қабл дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳудуди 8 кило маводи мухаддири навъи сахттаъсири героин мусодира гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди меҳмонхонаи «Эҳсон», автомашинаи тамғаи «Субару-Легаси»- мутааллиқ ба сокини 42-солаи пойтахт Абдувосӣ Хоҷаев боздошт шудаст.

«Ҳангоми кофтукови автомашинаи мазкур аз дохилаш 7 килою 630 грамм маводи нашъадори «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт вай.

Зимнан зикр гардид, ки нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 200, қ 4-и КҶ ҶТ (Муомилаоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати АНМН-и назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 10 моҳи соли равон кормандони тамоми сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 455 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 519 кило баробар буд.

Гуфта мешавад, аз ҳаҷми умумии маводи мухаддири мусодирашуда зиёда аз 92 килояшро героин, беш аз 338 килояшро ҳашиш ва беш аз 25 килояшро афюн ташкил медиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное