Вазири корҳои дохилӣ ба Чин раҳсипор шуд

Рӯзи 25 ноябри соли ҷорӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни сафар масъалаҳои ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз он ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии […]

ASIA-Plus


Рӯзи 25 ноябри соли ҷорӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни сафар масъалаҳои ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз он ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот, омӯзиши кадрҳо ва ҳамкориҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, зимни сафар баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин оид ба  ҳамкории наздисарҳадӣ дар назар дошта шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин сафар вазири корҳои дохилиро роҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ подполковники милитсия Абдураҳим Раҳимов, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидов, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Зумрад Солиева ва сардори ББМ «Интерпол» Ҷамшед Машрабов ҳамроҳӣ менамоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.