Бег Зуҳуров муассиси Facebook-ро ба вохӯрӣ даъват мекунад


Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров изҳор кард, ки бо муассиси шабакаи иҷтимоии Facebook Марк Сукербург мулоқот барпо карда, масъалаи тарзи фаъолият ва имкони назорати шарҳҳои интиқодӣ нисбат ба маснабдорони тоҷик дар шабакаро баррасӣ карданист.

Бино ба маълумоти хадамоти русии хабаргузории Би-Би-Сӣ, дар Хадамоти алоқа изҳор доштаанд, ки ба хадамот доир ба «маводи таҳқиркунанда дар бораи кишвар ва шахсони мансабдори мушаххас» арзу шикоятҳо расидаанд.

«Facebook хӯҷаин дорад ё на? Ӯ ба Тоҷикистон омада метавонад? Рӯзҳои қабул ман метавонистам бо ӯ вохӯрӣ барпо кунам. Агар вақти ӯ танг бошад, ман бо яке аз ёварони ӯ сӯҳбат мекардам», – гуфтааст Бег Зуҳуров ба хадамоти русии Би-Би-Сӣ.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қабулгоҳи Б.Зуҳров иттилоъ доданд, рӯзҳои қабули сардори хадамот аз соати 10 то 12-и рӯзи шанбеи ҳар ҳафта муқаррар шудаанд. Дар робита ба қабули шаҳрвандони хориҷӣ, котиба хабар дод, ки ин масъала бо Зуҳуров мувофиқа карда мешавад.

Ба қавли Зуҳуров, ба ӯ ҳамарӯза дар бораи мазмуну мундариҷаи шарҳу тавзеҳҳо дар ин шабакаи иҷтимоӣ арзу шикояти зиёде мерасад. Ба андешаи вай, Facebook ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ машғул набуда, масоили сирф тиҷоратиро баррасӣ мекунад ва ӯ дар ин бора шахсан бо муассиси шабака суҳбат карда, масоили баҳсбарангезро ҳал карданӣ будааст.

«Масалан, дар Тоҷикистон норасоии обу роҳҳои бад мавҷуд аст ё маълумот дар бораи обуҳаворо нодуруст додаанд, вале онҳо (корбарон) дар ин хусус чизе наменависанд. Маҳз дар бораи масоили пулӣ мавод нашр мекунанд. Ба ман мегӯянд, корбароне, ки шарҳу тавзеҳҳои интиқодӣ дар бораи мансабдорону соҳибкорон нашр мекунанд, аз 5 то 10 ҳазор доллари ИМА маблағ мегиранд. Ман аз он дар таҷҷубам, ки шарҳҳо ба ин қадр гаронанд», – иброз доштааст сардори Хадамоти алоқа.

Бег Зуҳуров зикр кардааст, ки перомуни қонуншиканӣ дар шабакаи Интернет, нашри маводи интиқодӣ дар бораи Тоҷикистону мансабдорони давлатии он ба ӯ ихтиёриён аз шуъбаи махсуси назорат аз болои мазмуни маводи шабака хабар медиҳанд.

Аммо сардори Хадамоти алоқа мушаххасан аз ҷониби кӣ пардохт шудани маблағ барои маводи интиқодӣ ва манфиатдории касе ё мақомоте барои сиёҳсозии кишвар ва афроди маъруфи ҷумҳурӣ ва ҳамчунин муташшаниҷ сохтани вазъ дар кишварро баён накардааст.

Тавре қаблан хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ дода буд, ҳукуматдорони Тоҷикистон даст доштан ба қатъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook-р рад сохтанд. Бег Зуҳуров дар ин робита ба хабаргузории мазкур изҳор кардааст, ки «ба касе дар бораи қатъи дастрасӣ ба Facebook супориш надода, худаш мустақилона чандин маротиба ба ин шабака бидуни ҳеҷ мушкилоте ворид шудааст. «Шояд чанде аз ширкатҳои фароҳамсози Интернет ба мушкилоти сирф техникӣ мувоҷеҳ шуда бошанд», – таъкид кардааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, баъди чанд соат Бег Зуҳуров ба радиои «Озодӣ» дастури қатъи дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистонро тасдиқ кард. Ӯ гуфтааст, ба далели «корҳои профилактикӣ» дастрасӣ ба Фейсбук маҳдуд шудааст.

«Профилактика мегузаронем. Бубинед, Фейсбук соҳиб надорад. Кӣ ҳаст соҳиби он? Аз ҳар ҷо – аз Амрико, Олмон ва ғайра – занг мезананд, аммо хуб аст, агар соҳибаш биояд ва бо мо сӯҳбат кунад. Чизи дигар, оё ин Фейсбук ба давлат налог (андоз) месупорад? Дар ҳоле ки миллиардҳо фоида мебинанд», – изҳор доштааст ӯ.

Сарфи назар аз кӯшишҳои зиёд, идораи ОИ «Азия-Плюс» бо Бег Зуҳуров дар тамос шуда натавонист, то ки шахсан гуфтаҳои ӯро тасдиқ созад.

spot_imgspot_img

Популярное