Гурӯҳи аввалини донишҷӯёни тоҷик ба Эрон раҳсипор шуданд


Субҳи имрӯз гурӯҳи аввалини иборат аз 41 нафар донишҷӯёни тоҷик баҳри таҳсил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон раҳсипор шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири бахши барномаҳои байнулмилалии Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Абдусаттор Одинаев хабар дод, боз 38 нафари дигар дар бораи қабул ба макотиби олии Эрон тасдиқномаи расмӣ гирифта, дар фурсати наздиктарин ба Эрон фиристода мешаванд.

«Дар Эрон ҳуҷҷатҳои 79 нафар довталабони тоҷик, ки тибқи барномаи таълими хориҷӣ таҳсил мекунанд, омода гардида, рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда 20 нафар ва нимаи моҳи декабр боз 18 нафар донишҷӯён ба Эрон раҳсипор мегарданд. Ҳар кадоме аз онҳо бо идропулӣ ва хобгоҳ таъмин карда хоҳад шуд», – гуфт Одинаев.

Бино ба маълумоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, айни замон дар макотиби олии Эрон ҳудуди 200 нафар донишҷӯёни тоҷик расман ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное