Интиқоли ҷасади халабони тоҷик ба ватан

Ҷасади халабони тоҷик, ки зимни суқути ҳавопаймо ба ҳалокат расида буд, ба ватан ирсол гардид. Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҳамоҳангӣ бо Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Судон ва ниҳодҳои дахлдори судонӣ корҳои заруриро анҷом дода, 23 ноябри соли ҷорӣ ҷасади Акрам Ҳошимов тавассути Доҳа ба […]

ASIA-Plus


Ҷасади халабони тоҷик, ки зимни суқути ҳавопаймо ба ҳалокат расида буд, ба ватан ирсол гардид.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҳамоҳангӣ бо Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Судон ва ниҳодҳои дахлдори судонӣ корҳои заруриро анҷом дода, 23 ноябри соли ҷорӣ ҷасади Акрам Ҳошимов тавассути Доҳа ба Москва оварда шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба масъалаҳои қабули тобут дар Москва, пайдо кардани пайвандони Акрам ва роҳӣ кардани он ба Ватан аз сӯйи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мусоидатҳои лозима сурат гирифта, ҷасад, шоми 24 ноябр, тавассути хатсайри Домодедово – Хуҷанд ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Таври маълум, 19 августи соли равон, ҳавопаймои Ан-26-и мансуб ба ширкати судонии «Алфа 1», ки ҳайъати ҳукуматии Судон дар он буд, ҳангоми фуруд омадан дар ноҳияи шаҳри Талоди (воқеъ дар иёлоти Кордофани Ҷанубӣ, Судон) суқут кард.

Дар ҷойи ҳодиса сӯхтор ба вуҷуд омада, ҳамаи 32 мусофир, аз ҷумла яке аз сарнишинон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимов Акрам (7 майи 1969 зода шудааст, бошандаи шаҳри Чкаловски вилояти Суғд) ҳалок гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.