Маърӯзаи раиси ҲНИТ дар конфронси «Ислом дар Осиёи Марказӣ»


Дар шаҳри Лондон бо ибтикори Институти омӯзишҳои исломӣ ва арабии донишгоҳи Эгзетер таҳти унвони «Ислом дар Осиёи Марказӣ» конфронс баргузор гуардида, дар он раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ суханронӣ намуд.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, меҳварҳои асосии суханронӣ аз равандҳои муҳими ин минтақа дар иртибот бо дин, роҳҳои муқобала бо ифротгароӣ ва вазъи Осиёи Марказӣ пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон иборат буд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар ба Лондон инчунин дар Маркази таҳлилии «Chatham House» мулоқоти раиси ҲНИТ бо коршиносон ва дипломатҳои муқими Лондон баргузор гардидааст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин Муҳиддин Кабириро муовини роҳбари Департаменти Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Британия хонум Дайен Мак Келвей ва сафири Финландия дар Тоҷикистон хонум Туула Юрелу ба ҳузур пазируфта, дар вохӯриҳо масоили марбут ба ҳамкории кишварҳо ва вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ  баррасӣ шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное