Изҳороти маҳбуси собиқ доир ба таъқиб дар Русия

Чанде қабл сафаҳоти қариб ҳамаи нашрияҳои мустақилро ному аксҳои маҳбуси собиқ Саидалӣ Казаков зеб медод, ки пас аз маҳкумияти 8-сола моҳи октябри соли равон ба озодӣ баромада буд. Ӯ аз қонуншиканиҳо дар маҳбас, тамаъҷӯии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ аз зиндониён ва шиканҷаву кирдори бераҳмона дар онҳо ошкоро суҳбат мекард. Рӯзи сешанбе, 27-уми ноябр Саидалӣ Казаков  аз […]

ASIA-Plus


Чанде қабл сафаҳоти қариб ҳамаи нашрияҳои мустақилро ному аксҳои маҳбуси собиқ Саидалӣ Казаков зеб медод, ки пас аз маҳкумияти 8-сола моҳи октябри соли равон ба озодӣ баромада буд. Ӯ аз қонуншиканиҳо дар маҳбас, тамаъҷӯии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ аз зиндониён ва шиканҷаву кирдори бераҳмона дар онҳо ошкоро суҳбат мекард.

Рӯзи сешанбе, 27-уми ноябр Саидалӣ Казаков  аз шаҳри Санкт-Петербург ба идораи ОИ «Азия-Плюс» занг зада, изҳор кард, ки ӯ дар ин шаҳр таҳти муолиҷа қарор дошта, афроде бо сарулисбоси мулкӣ ӯро таъқиб мекунанд.

«Ба фикрам, онҳо кормандони «амният» бо сарулибоси мулкианд. Дар бозору дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ онҳо ба мардум аксҳои маро нишон дода, аз онҳо мепурснд, ки оё маро дидаанд, зеро ман ба онҳо зарур будаам. Гӯё ман ягон ҷинояткоре буда мавриди пайгардӣ қарор дошта бошам», – мегӯяд Казаков.

Ба қавли вай, пас аз ин ҳодиса наздиконаш ба мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе рафта, онҷо бори дигар итминон ҳосил намудаанд, ки ӯ таҳти ҷустуҷӯ қарор надорад. Ӯ мегӯяд, шояд барои як силсила мусоҳибаҳои ошкоро бо журналистон пас аз озодӣ мавриди таъқиб қарор гирифта бошад.

«Ман аз ҳеҷ касе пинҳон шуданӣ нестам ва пас аз муолиҷа ба Душанбе бармегардам», – иброз дошт Казаков ва таъкид намуд, ки пас аз чанд соли зиндон ба бемории сили шакли пӯшида гирифтор шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.