Нақшаи ҷалби 1,5 млрд. $ ба иқтисоди Тоҷикистон

Тӯли се соли минбаъда ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои рушди иқтисоди миллӣ дар шакли қарзу сармоягузорӣ ва бурсҳо 1 млрд. 576 млн. доллари ИМА маблағ ҷалб намояд. Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев зимни шарҳи лоиҳаи Барномаи қарзҳои давлатии хориҷӣ барои солҳои 2013-2015 дар парлумон изҳор кард, ки барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ ҳукумат […]

Аваз Юлдошев


Тӯли се соли минбаъда ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои рушди иқтисоди миллӣ дар шакли қарзу сармоягузорӣ ва бурсҳо 1 млрд. 576 млн. доллари ИМА маблағ ҷалб намояд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев зимни шарҳи лоиҳаи Барномаи қарзҳои давлатии хориҷӣ барои солҳои 2013-2015 дар парлумон изҳор кард, ки

барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ ҳукумат то ахири соли равон 95,8 млн., соли оянда – 187 млн., соли 2014 – 145 млн. ва соли 2015 – 127,7 млн. доллари ИМА маблағ ҷалб хоҳад намуд.

«Қарздиҳандагони асосӣ Бонки осиёгии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки исломии рушд ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд мебошанд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи Нуралиев, қарзҳо асосан ба рушди бахши кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва энергетика равона хоҳанд шуд. «Тӯли се соли оянда ба Тоҷикистон дар шакли бурс 624,8 млн. доллари ИМА маблағ дастрас хоҳад шуд», – иброз дошт ӯ.

Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала вакили парлумон Исмоил Талбаков изҳор кард, ки нисбат ба ахири солҳои 90-ум қарзҳои се соли минбаъда 4 маротиба камтар буда, қобилиятнокии пардохтпазирии қарзии Тоҷикистон ба эътимоди ниҳодҳои молии байнулмилалӣ меафзояд.

«Ин қарзҳо хусусияти истеҳсолӣ дошта, бевосита ба рушди иқтисодӣ миллӣ нигаронида шудаанд ва чун қарзҳои пешина хусусияти истеъмолӣ надоранд», – қайд кард Талбаков.

Ба андешаи вакили парлумон Суҳроб Шарифов, чанде аз ВАО масоили қарзи хориҷии Тоҷикистонро нодуруст ва пурғараз инъикос намуда, баъзе рӯзноманигорон пешгӯи мекунанд, ки солҳои наздик Тоҷикистон аз фишори қарз  ба нокомӣ дучор мегардад ва ин андешаи беасос дар ҷомеа низ роҳандозӣ мешавад.

Ӯ таъкид дошт, ки тамоми ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳатто 30%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил намедиҳад. Ӯ аз муовини вазири молия дархост намуд, ки пешгӯии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) оид ба таъсири манфии қарзи давлатӣ ба рушди иқтисоди ҷумҳуриро шарҳ диҳад.

Дар посух Ҷамолиддин Нуралиев зикр кард, ки ӯ худ муддати 7 сол дар сохторҳои ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ фаъолият намуда, аз таҳияи чунин пешгӯиҳо огоҳ аст.

«Зимни таҳияи чунин пешгӯиҳо ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ аз нишондиҳандаҳое истифода мекунанд, ки онҳоро метавон ба иқтисоди кишварҳои рушдёфта ё дар ҳоли рушд қарордошта нисбат дод ва таври маъмул, дар онҳо ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони кории тоҷик ба инобат гирифта намешаванд», – гуфт муовини аввали вазири молия.

Ӯ ба вакилони парлумон итминон дод, ки ба Тоҷикистон ҳеҷ гуна буҳронҳои қарзӣ таҳдид нахоҳанд кард.

Вакилон бо аксари овоз Барномаи қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015-ро маъқул шумориданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова