Кэтрин Эштон бо раҳбарияти ҲНИТ мулоқот намекунад


Мулоқоти қаблан тарҳрезишудаи Кэтрин Эштон, Вакили олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ, ноиб-президенти Комиссия оид ба Осиёи Марказӣ бо мақомоти раҳбарии ҲНИТ, ки бояд имрӯз дар шаҳри Душанбе доир мегардид, бекор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар дод, сабаби бекор шудани вохӯрӣ муҳлати кӯтоҳи сафари намояндаи ИА ба Тоҷикистон аст, ки субҳи имрӯз оғоз гардид.

Ба иттилои манбаъ, акнун Кэтрин Эштон бо намояндагони ҲНИТ дар қатори намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки имрӯз дар Душанбе баргузор мегардад, вохӯрӣ анҷом медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷараёни сафари якрӯзаи худ ба Тоҷикистон К.Эштон нимаи якуми имрӯз бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид хоҳад кард.

Ба иттилои як манбаъи ОИ «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мулоқоти намояндаи Иттиҳоди Аврупо бо сарвари давлати Тоҷикистон ба масъалаи таҳияи стратегияи ИА оид ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки ҳадафи сафари намояндаи Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасии масоили таъмини вазъи ҳуқуқи башар, озодии баён ва мазҳаб аст.

spot_imgspot_img

Популярное