Сохтмони бузургтарин корхонаи сементбарорӣ дар Шаҳритӯс

Чанде қабл таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Дар оғози маҷлис ҳисоботи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ оид ба рафти иҷрои Барномаи барқарорсозии стансияи обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ шунида шуд. Сарвари давлат ба масъулини соҳа […]

ASIA-Plus


Чанде қабл таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.



Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Дар оғози маҷлис ҳисоботи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ оид ба рафти иҷрои Барномаи барқарорсозии стансияи обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ шунида шуд. Сарвари давлат ба масъулини соҳа доир ба баланд бардоштани сифати корҳо, аз ҷумла тавассути омодасозии кадрҳои баландихтисос, беҳсозии таъминоти техникӣ ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷаласа як қатор барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тасдиқ ва лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи кооперативҳо» ва «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Қарори ҳукумати Тоҷикистон доир ба масъалаҳои таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «CNBM-TALCO Cement Co.,Ltd» қабул карда шуд. Тибқи он дар ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби ширкати алюминийи тоҷик ва бузургтарин ширкати сементбарории Ҷумҳурии Мардумии Чин CNBM бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ як корхонаи муштараки тавлиди семент бунёд меёбад. Иқтидори солонаи корхона 3 миллион тонна навъҳои гуногуни семент мебошад. Замони пурра ба кор даромадани корхона дар он 5 ҳазор нафар соҳиби кор ва маоши хуб хоҳанд шуд.

Дар фароварди маҷлис сарвари давлат ба масъулин доир ба вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани зимистонгузаронӣ, хусусан дар муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор ва ҳамчунин то 15-уми декабр ба анҷом расондани киштукори тирамоҳӣ супоришҳои мушаххас дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.