Имзои Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони тоҷик дар Русия то соли 2013

Тоҷикистону Русия ният доранд, ки то оғози соли оянда Созишномаи нав дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави Русияро ба имзо расонанд. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, чанде қабл дар ҷаласаи гурӯҳи муштараки Тоҷикистону Русия зарурати такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар самти будубоши шаҳрвандони тоҷик дар Русия […]

Пайрав Чоршанбиев


Тоҷикистону Русия ният доранд, ки то оғози соли оянда Созишномаи нав дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави Русияро ба имзо расонанд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, чанде қабл дар ҷаласаи гурӯҳи муштараки Тоҷикистону Русия зарурати такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар самти будубоши шаҳрвандони тоҷик дар Русия ва роҳандозии фаъолияти қонунии муваққаатии онҳо таъкид шуд.

«Ҷонибҳо то санаи 1 –уми январи соли 2013 таҳия ва имзои Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони тоҷик дар Русияро мувофиқи мақсад донистанд, ки дар он барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкони муҳлати ба қайд гузоштан 15 рӯз ва иҷозати кор ба муддати 3 сол пешбинӣ шудааст», – гуфтанд дар Хадамоти муҳоҷират.

Айни замон барои шаҳрвандони тоҷик муҳлати ба қайд гузоштан дар қаламрави Русия 7 рӯз ва иҷозати кор ба муддати 1,5 сол муқаррар шудааст.

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони тоҷик дар муҳоҷирати корӣ дар қаламрави Русия қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.