Чанде қабл таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Дар оғози маҷлис ҳисоботи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ оид ба рафти иҷрои Барномаи барқарорсозии стансияи обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ шунида шуд. Сарвари давлат ба масъулини соҳа доир ба баланд бардоштани сифати корҳо, аз ҷумла тавассути омодасозии кадрҳои баландихтисос, беҳсозии таъминоти техникӣ ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҷаласа як қатор барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тасдиқ ва лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи кооперативҳо» ва «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Қарори ҳукумати Тоҷикистон доир ба масъалаҳои таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «CNBM-TALCO Cement Co.,Ltd» қабул карда шуд. Тибқи он дар ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби ширкати алюминийи тоҷик ва бузургтарин ширкати сементбарории Ҷумҳурии Мардумии Чин CNBM бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ як корхонаи муштараки тавлиди семент бунёд меёбад. Иқтидори солонаи корхона 3 миллион тонна навъҳои гуногуни семент мебошад. Замони пурра ба кор даромадани корхона дар он 5 ҳазор нафар соҳиби кор ва маоши хуб хоҳанд шуд.
Дар фароварди маҷлис сарвари давлат ба масъулин доир ба вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани зимистонгузаронӣ, хусусан дар муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор ва ҳамчунин то 15-уми декабр ба анҷом расондани киштукори тирамоҳӣ супоришҳои мушаххас дод.



