Чанде қабл дар Душанбе вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Марҳабо Ҷабборова, Махфират Хидирова, Саодат Амиршоева, Мақсуда Самадова, Мунаввара Кенҷаева, Нодира Турдиматова ва Бибидавлат Афзалшоева бо вакилзанони парлумони Қирғизистон таҳти роҳбарии Роза Акназарова мулоқот оростанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, раиси Кумита оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустии МН МО ҶТ Хайринисо Юсуфӣ ба меҳмонон доир ба фаъолияти занон дар парлумони Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, зикр кард, ки аз 63 нафар вакилони парлумони кишвар 11 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
«Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки вакилзанони парлумонҳои ҳарду кишвар дар густариши муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо метавонанд бештар саҳм гиранд», – гуфтанд дар хадамоти матбуот.
Ба иттилои манбаъ, дар навбати худ роҳбари ҳайати парлумонии Қирғизистон Р.Ақназарова қайд кард, ки дар Жокоргу Кенеш (парлумон)-и Қирғизистон аз 120 нафар намояндагони мардумӣ 25 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Ӯ аз вакилзанони тоҷик даъват кард, ки бо сафари ҷавобӣ ба Бишкек ташриф оранд.



