Мулоқоти вакилзанони парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Чанде қабл дар Душанбе вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Марҳабо Ҷабборова, Махфират Хидирова, Саодат Амиршоева, Мақсуда Самадова, Мунаввара Кенҷаева, Нодира Турдиматова ва Бибидавлат Афзалшоева бо вакилзанони парлумони Қирғизистон таҳти роҳбарии Роза Акназарова мулоқот оростанд. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, раиси Кумита оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустии […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар Душанбе вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Марҳабо Ҷабборова, Махфират Хидирова, Саодат Амиршоева, Мақсуда Самадова, Мунаввара Кенҷаева, Нодира Турдиматова ва Бибидавлат Афзалшоева бо вакилзанони парлумони Қирғизистон таҳти роҳбарии Роза Акназарова мулоқот оростанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, раиси Кумита оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустии МН МО ҶТ Хайринисо Юсуфӣ ба меҳмонон доир ба фаъолияти занон дар парлумони Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, зикр кард, ки аз 63 нафар вакилони парлумони кишвар 11 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

«Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки вакилзанони парлумонҳои ҳарду кишвар дар густариши муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо метавонанд бештар саҳм гиранд», – гуфтанд дар хадамоти матбуот.

Ба иттилои манбаъ, дар навбати худ роҳбари ҳайати парлумонии Қирғизистон Р.Ақназарова қайд кард, ки дар Жокоргу Кенеш (парлумон)-и Қирғизистон аз 120 нафар намояндагони мардумӣ 25 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Ӯ аз вакилзанони тоҷик даъват кард, ки бо сафари ҷавобӣ ба Бишкек ташриф оранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.