Умаров: Қарзи хориҷӣ ба тамомияти арзии Тоҷикистон таҳдид мекунад

Мудири Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографии Академияи улуми ҶТ, доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки ба Тоҷикистон буҳрони қарзӣ таҳдид дошта, он натанҳо дар қобилияти ин қарзҳоро баргардонида натавонистан, балки дар фишори имконпазири қарзи хориҷӣ ба буҷети давлатии ҷумҳурӣ низ ифода меёбад. «Сол то сол ҳаҷми қарзи беруна афзуда, ба ҳалли […]

Пайрав Чоршанбиев


Мудири Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографии Академияи улуми ҶТ, доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки ба Тоҷикистон буҳрони қарзӣ таҳдид дошта, он натанҳо дар қобилияти ин қарзҳоро баргардонида натавонистан, балки дар фишори имконпазири қарзи хориҷӣ ба буҷети давлатии ҷумҳурӣ низ ифода меёбад.

«Сол то сол ҳаҷми қарзи беруна афзуда, ба ҳалли мушкилоти муҳими рушди иҷимоии ҷумҳурӣ душворӣ пеш меорад ва ҳамасола мо маҷбурем, ки ҳаҷми воситаҳои буҷет барои пардохти ин қарзҳоро зиёд намоем ва ин ҳам дар ҳолест, ки тақрибан дар тамоми бахшҳои иҷтимоӣ камбуди воситаҳо эҳсос мегардад», – гуфт вай.

Ба андешаи профессор, ҳукумати ҷумҳуриро зарур аст, ки сари масъалаи коҳиши ҳаҷми қарзи хориҷӣ ва афзоиши ҳаҷми сармоягузории мустақим тадбирҳои муассир андешида, ба ин васила ба кам шудани ҳаҷми қарзҳо муваффақ гардад. «Маблағҳои қарзӣ низ баҳри сармоягузорӣ ҷалб мегарданд, вале онҳоро мебояд дар вақти муайян бо фоизҳо баргардонид, вале сармоягузориҳои мустақим ба сармоя табдил ёфта, ҳамеша дар қаламрави кишвар боқӣ хоҳанд монд», – иброз дошт ӯ.

Ҳ. Умаров зикр кард, ки ҳукумати ҷумҳурӣ «ба қарзгирӣ маҷбур аст, зеро тӯли солҳои зиёд муҳити мусоиди сармоягузориро фароҳам оварда наметавонад». «Ҷумҳурӣ ба фасод ғӯтавар шуда, табиист, ки бо ин вазъ касе ба иқтисоди чунин кишвар хоҳиши сармоягузорӣ надорад», – баён дошт вай.

Ӯ таъкид намуд, ки кишварҳои ба фасод ғӯтавар маъмулан қурбонии кишварҳои сарватманде мегарданд, ки ҳадафҳои геополитикии худро пиёда карданианд. «Дар вазъи кишвари мо бошад, ин Чин аст, зеро ҳар маротиба мо аз он дархости қарз мекунем ва фикр мекунам, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дархости моро рад нахоҳад кард, вале тадриҷан мо маҷбур хоҳем шуд, ки ба ҳама шартҳои ин кишвар розӣ шавем», – мегӯяд доктори улуми иқтисод. 

Профессор мутмаин аст, ҳамин тариқ Тоҷикистон метавонад бо мушкилоти марбут натанҳо ба таъмини амнияти иқтисодӣ, балки ба таъмини амнияти миллӣ низ дучор гардад.

«Шояд ҳукуматдорон дар фикри онанд, ки Чин замоне ин қарзҳоро ба мо мебахшад, аммо ин амал дар фурсати беҳтарин метавонад аз ҷониби созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва он ҳам бо душворӣ сурат бигирад. Кишварҳои алоҳида ба осонӣ аз қарз гузашт намекунанд. Дар ниҳояти кор, кишварҳои қарздиҳанда метавонанд ба Тоҷикистон талаботеро пеш гузоранд, ки ба амнияти миллӣ ва тамомияти арзии кишвар зиёновар бошад. Масалан, Чин як замоне метавонад ба ивази қарз аз мо қаламрави навро талаб кунад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин кишвар мудом ба қаламрави Тоҷикистон даъвоҳо дошт», – афзуд Умаров.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Барномаи қарзгирии давлатӣ барои солҳои 2013-2015-ро маъқул шуморид. Тибқи ин барнома, тӯли се соли минбаъда ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои рушди иқтисоди миллӣ дар шакли 555,5 млн. $ қарзи хориҷӣ ҷалб намояд. Айни замон ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар 2 млрд. 185 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.