Боздошти духтарони ҳисорӣ барои ғоратгарӣ

Кормандони милисаи Ҳисор ду нафар духтарони маҳаллиро барои ғоратгарӣ дар рӯзи равшан боздошт намуданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба ШВКД дар ноҳияи Ҳисор аз маъмурияти мактаби таҳсилоти умумии №61-и ҳамин ноҳия муроҷиат шудааст, ки рӯзи 28-уми ноябр хазинадори мактаб Бобоназар Тошпулотов дар асоси чеки пулӣ барои пардохти маоши кормандони мактаби мазкур аз […]

ASIA-Plus


Кормандони милисаи Ҳисор ду нафар духтарони маҳаллиро барои ғоратгарӣ дар рӯзи равшан боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба ШВКД дар ноҳияи Ҳисор аз маъмурияти мактаби таҳсилоти умумии №61-и ҳамин ноҳия муроҷиат шудааст, ки рӯзи 28-уми ноябр хазинадори мактаб Бобоназар Тошпулотов дар асоси чеки пулӣ барои пардохти маоши кормандони мактаби мазкур аз шуъбаи «Амонатбонк» 19 ҳазору 127 сомонӣ маблағ гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, наздики шоми ҳамон рӯз дар бозори марказии шаҳри Ҳисор 2-нафар зан бо тариқи зӯроварӣ пулҳои дар дохили селофан будам ӯро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ғоратгарӣ сокини 22-солаи деҳаи Чинори Сӯхта Шаҳноза Каримова ва сокини кӯчаи Какановичи ноҳияи Ҳисор Ситора Исмоиловаи 23-сола дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.    

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.