Кӯмаки USAID ба ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Кэтлин МакДоналд, директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон (USAID) дар маросими тақдим намудани се автомашинаи махсусгардонидашудаи партовғундорӣ ба ҷамоатҳои Исфисор, Зарзамин ва шаҳраки Ғафуров иштирок намуд. USAID лоиҳаи мазкурро тавассути Ташаббуси рушди маҳал маблағгузорӣ намуда ва амалӣ гардонид. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, хонум МакДоналд, ҷаноби Мирхолиқов Содиқ, раиси […]

ASIA-Plus


Кэтлин МакДоналд, директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон (USAID) дар маросими тақдим намудани се автомашинаи махсусгардонидашудаи партовғундорӣ ба ҷамоатҳои Исфисор, Зарзамин ва шаҳраки Ғафуров иштирок намуд. USAID лоиҳаи мазкурро тавассути Ташаббуси рушди маҳал маблағгузорӣ намуда ва амалӣ гардонид.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, хонум МакДоналд, ҷаноби Мирхолиқов Содиқ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ғафур Ҳокимов, ёрдамчии раиси вилояти Суғд калидҳои автомашинаҳои навро ба раисони ҷамоатҳо супориданд. Намояндагони расмии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҷамоатҳо, шаҳрвандон ва намояндагони лоиҳаи “Ташаббуси рушди маҳалл” USAID низ дар маросими супоридани автомашинаҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд иштирок намуданд.

Лоиҳаи USAID “Ташаббуси рушди маҳал” ба мақомоти маҳаллӣ дар тарҳрезӣ намудани нақшаҳо оид ба идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва ташкили корхонаҳои коммуналӣ дар ҷамоатҳои деҳот кӯмак мерасонад. Дар давоми ду соли сипаришуда ҷамоатҳо бо маҳаллаҳо дар расонидани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, мактабҳо, беморхонаҳо ва корхонаҳо бомуваффақият ҳамкорӣ намуданд. Имрӯз онҳо ба зиёда аз 80 000 нафар аҳолии деҳот хизматрасонии худро расонидаанд.

Аз моҳи сентябри соли 2009 сар карда лоиҳаи USAID “Ташаббуси рушди маҳал” иқтидори мақомоти маҳаллиро дар фароҳам овардани хизматрасониҳои сифатноки коммуналӣ ҳангоми ғунучин, интиқол ва нобуд сохтани партовҳои сахти маишӣ дар панҷ навоҳии дигари Тоҷикистон афзуд. Дар ҷамъ, ҳашт минтақа дар доираи лоиҳа соҳиби автомашинаҳои партовғундории нав гаштанд.

Лоиҳаи “Ташаббуси рушди маҳал” яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID дастгирӣ ёфтааст. Аз соли 1992 то ин ҷониб халқи Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоро барои барномаҳо ва кӯмаки башардӯстонаҷиҳати дастгирии сохторҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.