Таъсиси Иттиҳодияи дӯстии «Фаронса-Тоҷикистон» дар Париж


Чанде қабл дар шаҳри Париж дар бинои Сенати Фаронса, Қасри Люксембург бо дастгирии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Иттиҳодияи дӯстии «Фаронса-Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Сафири собиқи Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани якдилона Раиси иттиҳодия интихоб шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, иттиҳодия бо иштироки аъзоёни Сенат, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Фаронса ва диаспораи тоҷик дар ин кишвар бунёд гардид. Ҳадафи иттиҳодия тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона байни Тоҷикистон ва Фаронса, хусусан дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ, рушди робитаҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва гуманитарӣ, таҳкиму татбиқи иқтидори туристиву сармоягузории ҳарду кишвар мебошад.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ самтҳои фаъолияти минбаъдаи Иттиҳодия муҳокима ва муайян карда шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз ҷамъомади аввалини таъсискунандаи иттиҳодия филми мустанад зери унвони «Сири кӯли Қароқул» манзури ҳозирин гардид, ки он моҳи июни соли 2011 дар баландкӯҳҳои Помир аз ҷониби экспедитсияи байналмилалии иборат аз 5 олим, геологу астрономҳои фаронсавӣ, чех ва лаҳистонӣ ба навор гирифта шуда буд. Филм дар бораи таърихи ташаккул, хусусиятҳо ва омӯзиши минбаъдаи кратери баландкӯҳии зарбадори Қарокул, ки дар натиҷаи зарбаи метеорит ба замин тақрибан 10 миллион сол қабл ба вуҷуд омад, маълумот дод.

spot_imgspot_img

Популярное