Раиси ҲКТ: Болоравии қимати барқ мавҷи норозигӣ ба вуҷуд меорад


Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки тавсияҳои Бонки ҷахонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ба андозаи 50 дарсад боло бурдани қимати барқ метавонад мавҷи норозигиҳоро ба вуҷуд орад.

Ба андешаи ӯ, ҳама гуна болоравии нарх дар шароити Тоҷикистон, ки ҳудуди 50%-и аҳолӣ камбизоатанд, таҳлили дақиқро тақозо мекунад.

«Тарофаҳои амалкунандаи қимати барқ барои аксари аҳолӣ гарон аст ва Бонки ҷаҳонӣ онро ба инобат намегирад», – иброз дошт вай.

Раиси ҲКТ изҳор кард, ки қимати барқро барои афроди дорои бӯстонсароҳо бо ҳавзи шиновариву сауна ва корхонаҳои саноатии рақобатпазир аз қабили ТАЛКО ва корхонаҳои коркарди нахи пахта мебояд боло бурд.

«Агар тарофаҳо барои корхонаҳои хурд боло бурда шаванд, онҳо базудӣ ба муфлисӣ дучор гардида, шумори бекорон бамаротиб меафзояд ва бахши кишоварзӣ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ хоҳад шуд», – гуфт вакили парлумон.

Тайи се соли ахир Шодӣ Шабдолов ҳамчун вакили парлумон таъсиси комиссияи мустақил оид ба муайян кардани тарофаҳои барқро пешниҳод мекунад, вале он аз ҷониби ҳукумат ба эътибор гирифта намешавад.

spot_imgspot_img

Популярное