Раиси ҲКТ: Болоравии қимати барқ мавҷи норозигӣ ба вуҷуд меорад

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки тавсияҳои Бонки ҷахонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ба андозаи 50 дарсад боло бурдани қимати барқ метавонад мавҷи норозигиҳоро ба вуҷуд орад. Ба андешаи ӯ, ҳама гуна болоравии нарх дар шароити Тоҷикистон, ки ҳудуди 50%-и аҳолӣ камбизоатанд, таҳлили дақиқро тақозо […]

Аваз Юлдошев


Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки тавсияҳои Бонки ҷахонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ба андозаи 50 дарсад боло бурдани қимати барқ метавонад мавҷи норозигиҳоро ба вуҷуд орад.

Ба андешаи ӯ, ҳама гуна болоравии нарх дар шароити Тоҷикистон, ки ҳудуди 50%-и аҳолӣ камбизоатанд, таҳлили дақиқро тақозо мекунад.

«Тарофаҳои амалкунандаи қимати барқ барои аксари аҳолӣ гарон аст ва Бонки ҷаҳонӣ онро ба инобат намегирад», – иброз дошт вай.

Раиси ҲКТ изҳор кард, ки қимати барқро барои афроди дорои бӯстонсароҳо бо ҳавзи шиновариву сауна ва корхонаҳои саноатии рақобатпазир аз қабили ТАЛКО ва корхонаҳои коркарди нахи пахта мебояд боло бурд.

«Агар тарофаҳо барои корхонаҳои хурд боло бурда шаванд, онҳо базудӣ ба муфлисӣ дучор гардида, шумори бекорон бамаротиб меафзояд ва бахши кишоварзӣ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ хоҳад шуд», – гуфт вакили парлумон.

Тайи се соли ахир Шодӣ Шабдолов ҳамчун вакили парлумон таъсиси комиссияи мустақил оид ба муайян кардани тарофаҳои барқро пешниҳод мекунад, вале он аз ҷониби ҳукумат ба эътибор гирифта намешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.